Ссылки доступа

Байден қонун дар бораи буҷа ва кумак ба Украинаро имзо кард


Президенти ИМА Ҷо Байден қонун дар бораи буҷаи ин кишварро барои соли 2023 ба маблағи қариб як триллиону 700 миллиард доллар имзо кард.

Ин қонун маблағгузории рекордии вазорати дифоъро дар соли 2023 ба маблағи тақрибан 858 миллиард доллар пешбинӣ мекунад, ки назар ба соли ҷорӣ 10 фоиз бештар аст. Дар буҷаи соли ояндаи Амрико барои кумак ба Украина ва кишварҳои узви НАТО наздики 45 миллиард доллар ҷудо мешавад.

Ин бештар аз дархосте аст, ки маъмурияти Байден аз Конгресс карда буд. Тибқи қонуни нав, кумакҳои низомии Амрико ба Киев тақрибан дар сатҳи соли равон боқӣ хоҳад монд.

Президенти Украина Владимир Зеленский рӯзи 21 декабр ҳангоми суханронӣ дар Конгресси Амрико аз қонунгузорони ИМА даъват кард, ки аз лоиҳаи ҷудо кардани кумаки иловагӣ ба Киев пуштибонӣ кунанд.

"Пули шумо хайрия нест, балки сармоягузорӣ ба амнияти ҷаҳонӣ аст, ки мо онро бомасъулият идора хоҳем кард", - изҳор дошт Зеленский.

XS
SM
MD
LG