Ссылки доступа

Байден аз Конгресс хост, қонуни кумак ба Исроилу Украинаро фавран қабул кунад


Президенти ИМА Ҷо Байден ва раҳбарони Конгресс шаби якшанбе дар робита ба кумаки низомӣ барои Украинаву Исроил дар пайи ҳамлаҳои Эрон телефонӣ суҳбат кардаанд.

Дар иттилоияи Кохи сафед омадааст, "президент гуфт, Маҷлиси намояндагони Амрико лоиҳаи қонун дар бораи ҷудо кардани кумаки низомӣ барои Украина, Исроил ва Тайландро, ки қаблан аз сӯи Сенат ҷонибдорӣ ёфта буд, бояд фавран қабул кунад".

Дар суҳбати телефонӣ бо Байден раиси Маҷлиси намояндагони ИМА Майк Ҷонсон, раҳбарони ҷумҳурихоҳон ва демократҳо дар Конгресс иштирок доштаанд. Ҳамаи иштирокдорони суҳбат мустақиман ё бавосита аз Ҷонсон даъват кардаанд, ки ҳафтаи равон лоиҳаи қонунро барои раъйгирӣ пешниҳод кунад.

Ҷонсон ин лоиҳаи қонунро ба раъйгирӣ пешниҳод накарда буд, зеро ба гуфтаи ӯ, бештари ҷумҳурихоҳон дар Конгресс зидди лоиҳа ҳастанд.

Эрон шаби 13 ба 14-уми апрел дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил садҳо мушаку ҳавопаймои бесарнишин (паҳпод, дрон) партоб кард. Артиши он кишвар гуфт, ки ҳамаи зарбаҳояш "ба ҳадаф расиданд".

Исроил ва муттаҳидонаш рӯзи 14-уми апрел гуфтанд, зиёда аз 300 паҳподу мушак, аз ҷумла чанд мушаки болдори Эронро дар ними роҳ аз байн бурданд.

XS
SM
MD
LG