Ссылки доступа

Байден қарори Додгоҳи олии Амрикоро дар бораи Трамп танқид кард


Президенти ИМА Ҷо Байден
Президенти ИМА Ҷо Байден

Президенти ИМА Ҷо Байден қарори Додгоҳи олии ин кишварро дар бораи дахлнопазирии президентии Доналд Трамп интиқод кардааст.

Байден бо ишора бар он ки ҳеч касе аз қонун болотар нест, гуфтааст, "ин кишвар бар пояи усуле, ки дар Амрико шоҳ вуҷуд надорад, ташкил шудааст".

Ба гуфтаи ӯ, ҷомеаи Амрико ҳақ дорад, ки дар бораи нақши Трамп дар исёни 6 январи соли 2021 маълумот дошта бошад.

Додгоҳи олии ИМА рӯзи душанбе дархости вакилони дифои президенти собиқи ин кишвар Доналд Трампро қонеъ кард. Онҳо аз болои парвандаи ҷиноие, ки зидди ӯ дар робита ба бетартибиҳои моҳи январи соли 2021 боз шуда буд, шикоят карда, гуфтанд, Трамп бояд барои амалҳое, ки дар давраи президентияш содир шудаанд, аз дахлнопазирии комил бархурдор бошад.

Додгоҳ бо аксарияти оро қарор кард, президенти ИМА дар робита ба амалҳое, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои конститутсионӣ содир кардааст, ба дахлнопазирӣ ҳақ дорад.

Ҳамла ба Конгресс, ки онро як ҳамлаи бесобиқа ба демократияи ИМА номиданд, панҷ кушта бар ҷой гузошта буд. Ҳамла дар соатҳое рух дод, ки Конгресс пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи президентиро расман тасдиқ мекард.

XS
SM
MD
LG