Ссылки доступа

Кохи сафед: Куриёи Шимолӣ, ба Русия махфиёна аслиҳа медиҳад


Лидер КНДР Ким Чен Ын и президент России Владимир Путин
Лидер КНДР Ким Чен Ын и президент России Владимир Путин

ИМА Куриёи Шимолиро дар махфиёна интиқол додани аслиҳа ба Русия гумонбар мекунад. Дар ин бора телевизиони CNN бо такя ба мақомоти иктишофии амрикоӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои мақомоти иктишофии ИМА, Куриёи Шимолӣ талош дорад, нишон диҳад, ки аслиҳааш ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ меравад, аммо дар воқеъ он аслиҳа ба Русия равона мешавад.

Дар моҳи сентябр иктишофи ИМА хабар дода буд, ки Русия аз Куриёи Шимолӣ гулӯла ва мушакҳои идоранашаванда мехарад.

Намояндагони Русияву Куриёи Шимолӣ ин иттилоъро шарҳ надодаанд.

Пештар аз ин маълум шуд, ки Русия аз Эрон бесарнишинҳои навъи "Шаҳид-136" ворид кардааст. Мақомоти Русияву Эрон ин иттилоъро расман рад мекунанд. Бисёре аз коршиносон мегӯянд, артиши Русия бо камбуди аслиҳа рӯ ба рӯст.

XS
SM
MD
LG