Ссылки доступа

Кохи сафед: дар ҷангҳои Бахмут Русия 20 ҳазор кушта додааст


Дар панҷ моҳи ахир дар шаҳри Бахмути Украина наздики 20 ҳазор низомии Русия кушта, наздики 80 ҳазор тани дигар маҷруҳ ва дар маҷмуъ ҳамла ба Бахмут мутаваққиф шудааст.

Дар ин бора Ҷон Кирби, ҳамоҳангсози иртиботҳои стратегӣ дар Шӯрои амнияти миллии ИМА рӯзи душанбе хабар дод.

Ба гуфтаи Кирби, нисфе аз кушташудаҳо - ҷангҷӯёни ширкати хусусии низомии "Вагнер" ҳастанд. Ҷониби Русия ин хабарро шарҳ надодааст. Бори охир вазорати мудофиаи Русия моҳи сентябри соли 2022 теъдоди кушташудаҳои худро 5937 кас номида буд.

Муассис ва сармоягузори "Вагнер" Евгений Пригожин низ теъдоди кушташудаҳояшро эълом накард, аммо талафотро "бузург" номид.

Бо ин ҳол, Ҷон Кирби талафоти ҷониби Украинаро эълом накард. Вай гуфт, намехоҳад пеш аз ҳамлаи ҷавобӣ "кори ҳампаймони ИМА-ро душвор созад". Кирби гуфт, ИМА "қариб 100 дарсади кӯмаки низомиеро ирсол кардааст, ки Киев хоста буд".

XS
SM
MD
LG