Ссылки доступа

Bloomberg: дар Туркия севумин дидори даст ёфтан ба сулҳ дар Украина баргузор мешавад


Охири соли ҷорӣ дар шаҳри Истамбули Туркия севумин дидори байналхалқӣ барои даст ёфтан ба сулҳ дар Украина баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора хабаргузории Bloomberg бо такя ба манобеи худ иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои хабаргузорӣ, ширкатдорони гуфтугӯ сулҳи устуворро дар Украина баррасӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, ки дар ин гуфтугӯ мушовирони амниятҳои миллии кишварҳои мухталиф, аз ҷумла ИМА ширкат кунанд.

Русияро ба ин мулоқот даъват накардаанд, ҳачунон, ки ба мулоқотҳои Данияву Арабистони Саудӣ даъват накарда буданд. Дидор дар Арабистони Саудиро вазорати корҳои хориҷии Русия "талоши ташкили эътилофи зидди Русия" номида буд.

Украина ва ҳампаймононаш талош доранд, кишварҳоеро ба мавқеъгирии зидди хушунати Москва бовар кунонанд, ки то кунун бетарафӣ изҳор мекунанд. Миёни чунин кишварҳо аз ҷумла Бразилия ва Ҳинд ҳастанд, ки мавқеи худро рушан накардаанд.

XS
SM
MD
LG