Ссылки доступа

Беш аз 13 узви ҳукумати Бритониё истеъфо доданд


Борис Джонсон
Борис Джонсон

Беш аз 30 нафар ба далели аз даст додани эътимод ба сарвазир Борис Ҷонсон ҳукумати Бритониёро тарк карданд. Дар миёни онҳо раҳбарони баъзе аз вазоратҳо низ ҳастанд.

Вазирони тандурустӣ ва молияи Бритониё дирӯз баъди он мақомҳои худро тарк карданд, ки Ҷонсон ба ҷои Крис Пинчер вакили порлумон таъйин шуд. Ин узви Ҳизби муҳофизакор, ки ба озори ҷинсӣ дар ҳолати мастӣ айбдор шуд, як ҳафта пеш истеъфо дода буд.

Чандин вазири истеъфодода бо навиштани номае ба сарвазири Бритониё гуфтанд, ки аз мақомаш канор равад, вале ӯ посухи рад дод.

"Sky News" бо такя ба манобеаш хабар додааст, ки кумитаи Ҳизби муҳофизакор рӯзи 11 июл интихоботи раҳбари нави худро баргузор мекунад.

Истеъфои вазирон ва вакилони Бритониё дар пасманзари танқид шудани Ҷонсон дар дохили ҳизб сурат мегирад. Ҷонсон моҳи апрел аввалин сарвазире дар таърих шуд, ки ҳангоми ифои вазифа ба нақзи қонун айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG