Ссылки доступа

Зеленский аз нақшаи эҳтимолӣ ва ташвишовари Русия ҳушдор дод


Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хабар дод, ки президенти Русия Владимир Путин қасд дорад ба иншооти ҳастаӣ ва зербиноҳои Украина ҳамла кунад.

Вай рӯзи 25-уми сентябр ҳангоми суханронӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк гуфт, бино бар гузоришҳои дарёфтӣ, президенти Русия Владимир Путин нақша дорад, ба иншооти ҳастаӣ, зербиноҳо ва нерӯгоҳҳои Украина зарба занад ва аҳолиро аз нерӯи барқ маҳрум намояд.

Ба иттилои Зеленский, Хадамоти иктишофии Украина низ ахиран гузориши дигари нигаронкунандаро дастрас кардааст. Тибқи он Русия барои ҷамъоварии аксҳо ва маълумоти муфассал дар бораи зербиноҳои Украина аз моҳвораҳо истифода мекунад.

Раисиҷумҳури Украина гуфт, ҳар гуна ҳамлаи мушакӣ ё бесарнишин ва ҳар гуна садамаи бузург дар системаи энержӣ метавонад ба фалокати ҳастаӣ сабаб шавад.

Вай аз раҳбарони ҷаҳон даъват кард, ки ба муборизаи Украинаро зидди таҷовузи Русия дар сархати дастури кор қарор диҳанд.

XS
SM
MD
LG