Ссылки доступа

Президенти пешини Молдова дар хиёнат ба давлат айбдор шуд


Игорь Додон, Кишинёв, 24 мая 2022 года
Игорь Додон, Кишинёв, 24 мая 2022 года

Додситонии зиддифасоди Молдова нисбати президенти пешини ин кишвар Игор Додон айб эълом кард. Нисбати Додон якбора чаҳор айб, аз ҷумла хиёнат ба давлат ва фасодкорӣ эълом шудааст

Рӯзи 26 май додситонӣ аз додгоҳ хост, ки Игор Додон барои 30 рӯз ба ҳабси пешакӣ гирифта шавад.

Пештар Додонро барои 72 соат боздошт карда буданд. Пеш аз боздошт дар манзили ӯ кофтукоб сурат гирифт.

Додон таъқиби хуро сиёсӣ меномад.

Додситонии кулли Молдова рӯзи 18 май нисбати Додон парванда кушода буд. Ӯро дар гирифтани пора аз олигархи молдавӣ Владимир Плахотнюк гумонбар мекунанд. Як наворе, ки соли 2019 сабт шудааст, сабаби боз шудани парванда гардид. Дар навор дида мешавад, ки чи гуна Плахотнюк талош дорад, ба Додони он замон президент як бастаи сиёҳро бидиҳад.

Додон бастаро нагирифта, амр кард, ки он ба "Коста" дода шавад. Дар навор ҳамчунин дида мешавад, ки Додон бо Плахотнюк дар бораи таъсиси ҷиноҳи порлумонӣ суҳбат мекунанд. Додон дар он суҳбат гуфтааст, ки "доим ба Путин нома менависад".

Баъди нашри ин навор тафтиш шуруъ шуд. Додон ҳамаи айбҳоро рад мекунад.

Нисбати Плахотнюк дар Молдова парвандаи ҷиноие дар робита ба қаллобии молӣ дар ҳаҷми калон тафтиш мешавад. Дар Русия низ нисбати Плахотнюк чанд парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Москва Плахотнюкро дар пайгарди байналхалқӣ эълом кардааст.

Додон сиёсатмадори русиягаро шинохта мешавад, ки дар давраи президентиаш борҳо ба Москва сафар карда, дар Рӯзи ғалаба низ дар Майдони сурх ширкат дошт.

XS
SM
MD
LG