Ссылки доступа

Имрон Хон ба 10 сол зиндон маҳкум шуд


Бывший премьер-министр Пакистана Имран Хан
Бывший премьер-министр Пакистана Имран Хан

Додгоҳе дар Покистон Имрон Хон, нахуствазири пешини ин кишварро ба иттиҳоми ифшои маълумоти маҳрамонаи давлатӣ ба 10 сол зиндон кард. Ин ҳукм чанд рӯз пеш аз интихоботи порлумонии Покистон содир шудааст.

Ҳизби "Ҷунбиши инсоф", ки Имрон Хони 71-сола муассиси он мебошад, рӯзи сешанбе эълон кард, ки додгоҳ ӯро ба ифшои номаҳои маҳрамонаи сафири Покистон дар Вашингтон бо ҳукумати Покистон, гунаҳкор шинохтааст. Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Покистон низ дар ҳамин парванда ба 10 сол зиндон маҳкум шудааст.

Имрон Хон тобистони соли гузашта ба иттиҳоми фасод ба се сол зиндон маҳкум шуда буд ва ин ҳукм монеи ҳузури ӯ дар интихоботи рӯзи 8-уми феврал мешуд.

Додгоҳ эҳтимолан дар ду рузи оянда ҳукми хаттиро ба Имрон Хон мерасонад. Аммо Ҷунбиши инсоф таъкид кардааст, ки аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад Вакили дифои Имрон Хон дар шабкаи Х (Твиттери пешин) навишт, "ин тасмими ғайриқонуниро намепазирем".

Бо ин ҳол, Ҷунбиши инсофи Покистон хостори тазоҳуроти пеш аз интихботӣ нашудааст. Таркиши як бомба дар минтақаи Балучистони Покистон дар рӯзи сешанбе ва чанд соат пеш аз эълони маҳкумияти Имрон Хон, боиси кушта шудани се нафар аз аъзои Ҷунбиши инсоф шуд. Ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин таркишро ба ӯҳда нагирифтааст.

XS
SM
MD
LG