Ссылки доступа

Номзади пешин ба мақоми президентии Белорус аз маҳбас ба беморхона интиқол ёфт


Номзади пешин ба мақоми президентии Белорус Виктор Бабарико аз маҳбас ба беморхона интиқол ёфт. Вай бо айби ҷиноятҳои иқтисодӣ 14 сол зиндон шудааст.

Маълум нест, ки Бабарико гирифтори чӣ бемориест. Ҳамсафонаш мегӯянд, мумкин аст, ӯро латту кӯб карда бошанд.

"Дӯстон. Дирӯз овоза паҳн шуда, ки Виктор Бабарико дар беморхонаи шаҳри Новополтск аст. Мо ин хабарро тасдиқ кардем", - навиштанд дар телеграм-канали тими сиёсатмадори мазкур. Дар беморхонаи шаҳрӣ хабари бистаришавии Бабарикоро тасдиқ карданд.

Бархе аз расонаҳои дигар навиштанд, ки Бабарикои 59-сола шаби 24 ба 25 апрел бистарӣ шудааст. "Вазъаш миёнаи сангин унвон мешавад. Бо нишонаҳои латту кӯб бистарӣ шудааст, то вақте ки насабашро надиданд, дар беморхона ӯро нашинохтанд", - навиштанд расонаҳои марбут ба мухолифони ҳукумати Белорус. Мақомоти расмии Белорус ин хабарро тасдиқ накардаанд.

Бабарико - раиси пешини Белгазпромбонк аст. Вай моҳи июни соли 2020 зиндонӣ шуд. Он замон бонкир мехост, дар интихоботи президентӣ номзад ва рақиби Александр Лукашенко шавад.

Созмони Amnesty International гуфт, Виктор Бабарико маҳбуси сиёсист.

XS
SM
MD
LG