Ссылки доступа

Ҷумҳурии Чех манъи додани визаро ба русиягиҳо то моҳи марти 2024 тамдид кард


Прага
Прага

Ҷумҳурии Чех манъи додани визаро ба шаҳрвандони Русияву Белорус як соли дигар, то охири моҳи марти соли 2024 тамдид кард. Ин тасмимро ҳукумати он кишвар рӯзи чаҳоршанбе гирифт.

Бо пешниҳоди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Чех, манъи додани виза аз ҷумла он русиягиҳову белорусоҳеро фаро мегирад, ки душаҳрвандӣ доранд.

Аммо ин меъёр истисно низ дорад - шаҳрвандони ин ду кишвар бо сабабҳои башардӯстона метавонанд виза бигиранд. Манъи додани виза ҳамчунин ба наздикони онҳое дахолат намекунад, ки шаҳрванди кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳастанд.

Ҷумҳурии Чех аз аввалин кишварҳое буд, ки баъди ҳамлаи Русия ба Украина додани визаҳои сайёҳиро ба русиягиҳо манъ кард.

Дар робита ба ҷанг дар Украина кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтанд, ки ба шаҳрвандони Русия ба таври содашуда визаи шенген надиҳанд. Бархе аз кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои соҳили Балтия ва Финландия тақрибан додани визаро ба таври комил қатъ кардаанд.

Баъди шуруъи ҷанг бештар аз 400 ҳазор шаҳрванди Украина дар Ҷумҳурии Чех паноҳандагӣ пайдо кардаанд. Баъд аз Олмону Лаҳистон ин бузургтарин нишондод дар Иттиҳоди Аврупо аст.

XS
SM
MD
LG