Ссылки доступа

CPJ аз ҳукумат хост, Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзодаро раҳо кунад


Абдусаттор Пирмухаммадзода
Абдусаттор Пирмухаммадзода

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон (CPJ) аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки дар бораи куҷо будани хабарнигорон, Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, маълумот дода ва фавран онҳоро аз боздошт раҳо кунад.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози созмон барои кишварҳои Осиёӣ Марказӣ ва Аврупо, дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 14-уми июл гуфтааст, пинҳон доштани ҷойи нигаҳдории Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ғайриқобили қабул ва беэътиноии ошкор ба қонун ва талош барои роҳ надодан ба инъикоси мавзуъҳои нохушоянд барои мақомот аст.”

Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, хабарнигор ва блогерони тоҷикро рӯзи 9-уми июл дастгир карданд ва то кунун возеҳ нест, ки онҳо ба чӣ муттаҳам мешаванд. Макони нигаҳдориашон низ барои наздиконашон маълум нест.

Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, кормандони пешини радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон, солҳои охир асосан дар шабакаҳои иҷтимоӣ назару андешаҳои худро баён медоштанд. Ҳоло ҳарду дар боздоштоҳ ҳастанд ва маълум нест, ба чӣ гумонбаранд.

Боздошти онҳо дар пасманзари қазияи

сабаби нигарониҳо аз як маъракаи зидди журналистон дар Тоҷикистон гаштааст. Ин ду нафар пас аз он таъқиб шуданд, ки боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳи Ғурбатиро маҳкум карда буданд.

Далери Имомалиро ба иттиҳоми "соҳибкории ғайриқонунӣ" ва "расонидани хабари дурӯғ" ва Абдуллоҳ Ғурбатиро "ба зӯроварӣ ба корманди милиса" рӯзи 15-уми июн дастгир карда буданд.

XS
SM
MD
LG