Ссылки доступа

"Вагнер" тавассути сомонаҳои порнографӣ одамонро ба ҷанги Украина ҷалб мекунад


Бузургтарин сомонаи порнографӣ дар ҷаҳон - "Pornhub" эъломи ширкати хусусии низомии "Вагнер"-и Русияро нашр кардааст. Дар ин бора як қатор телеграм-каналҳо бо истинод ба корбароне, ки видеои эъломро фиристодаанд, хабар доданд.

Дар видео, ки суханҳои қабеҳ дорад, гуфта мешавад "Вагнер" ҷанговаронро аз тамоми минтақаҳои Русия интихоб мекунад" ва дар охир аз корбарон даъват мешавад, ки "ба ҷои лаззат бурдан аз тамошои порнография дар "Вагнер" ба кор дароед".

Ҳамчунин қайд шудааст, ки рақами телефони дарҷшуда дар видео ба намояндагони "Вагнер" тааллуқ дорад.

Раҳбари "Вагнер" Евгений Пригожин ба суолҳо дар бораи он ки "оё воқеан намояндагони ширкат дар "Pornhub" эълом нашр кардаанд?" ва "Оё чунин эълом самаре хоҳад дод?", гуфтааст, "ҷойгир кардани эълом дар сомонаҳои порнографӣ фикри хеле хуби мубаллиғони мост. Ман бо онҳо комилан розӣ ҳастам ... ".

Евгений Пригожинро яке аз соҳибкорони наздик ба президенти Русия Владимир Путин меноманд. Зархаридони "Вагнер"-и он, ки дар миёнашон маҳбусон ҳам ҳастанд, дар ҷанги Украина ва амалиётҳо дар Африқо ва Сурия иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG