Манзур аз мушакҳо "Фотеҳ-110" ва "Зулфиқор" ҳастанд, ки мутаносибан 300 ва 700 км парвоз мекунанд. Ба иттилои нашрия, Эрон ҳамчунин тасмим дорад, ба Русия даҳҳо бесарнишини навъи "Муҳоҷир-6" ва дронҳои навъи "Шаҳид-136" интиқол диҳад.
Рӯзи якшанбе вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазири мудофиаи Португалия гуфт, Эрон ба ҳеч кишваре аслиҳа интиқол надодааст ва нахоҳад дод, ки дар ҷанги Украина истифода шавад.
"Мо бар ин назарем, ки кӯмаки низомӣ ба ҳар ҷонибе танҳо ҷангро давомдор мекунад ва мо бар ин назар нестем, ки ҷанг дар Украина, Афғонистон, Сурия ва ё Яман кори дурусте аст", - гуфтааст Амир Абдуллоҳиён.
Ҳам мақомоти низомӣ ва ҳам расонаҳои байналхалқӣ борҳо хабар доданд, ки Эрон ба Русия бесарнишин интиқол медиҳад. Ҳам навъи бесарнишинҳо ҳам теъдоди интиқолшудаи онҳо (2400 адад) ба Русия хабар дода шуд. Вале ҳам Эрон ва ҳам Русия интиқоли бесарнишинҳоро рад мекунанд.