Ссылки доступа

Ҳукми як зодаи Тоҷикистонро дар Русия сахттар карданд


Додгоҳе дар Русия таксирони тоҷик Аҳадҷон Зоҳидовро ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст. Додгоҳ пештар ӯро дар хиёнат ба давлат ва қочоқи силоҳ айбдор карда буд.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, додгоҳ баъди ошкор кардани ҳолатҳои нави қочоқ ҳукмро тағйир дода, нисбати ин зодаи Тоҷикистон ҳукми сахттар таъйин кардааст.

Аҳадҷон Зоҳидов, тоҷири зодаи Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2023 бо иттиҳоми хиёнат ба давлат ва қочоқи силоҳ 13 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, Аҳадҷон Зоҳидови 36-сола дар як ширкати сохтмонӣ муовини раис будааст.

Маълум нест, ки ин тоҷири тоҷик бо кадом кирдораш ба давлати Русия хиёнат ва дар кадом шакл қасди тиҷорати силоҳ кардааст.

Назари Зоҳидов ва наздиконаш ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Александр Рибак, додраси парванда ба расонаҳо гуфтааст, ки Зоҳидов "дар ду маврид ба қочоқ ва дар шаш ҳолат ба қасди қочоқ иқрор шудааст."

Созмонҳои байналмилалӣ ҳукмҳои додгоҳҳои Русияро шаффоф намедонанд.

Банди қонуне, ки тибқи он Зоҳидовро ҷазо додаанд, ҷинояти "интиқоли моддаҳои заҳрогин, маводи тарканда ё дигар лавозимоти ҷангӣ"-ро дар назар дорад.

Ӯро моҳи сентябри соли 2022 боздошт кардаанд ва парвандааш махфӣ баррасӣ шудааст.

Солона даҳҳо шаҳрванд ё зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми гуногун дар Русия боздошту зиндонӣ мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ аксари ҳукмҳои додгоҳҳои Русияро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон ноодилон меноманд.

XS
SM
MD
LG