Ссылки доступа

Дания ба Украина дар ҳаҷми $2,6 млрд кӯмаки низомӣ мерасонад


Метте Фредериксен и Владимир Зеленский
Метте Фредериксен и Владимир Зеленский

Дания тасмим дорад, бастаи нави кӯмаки низомиро дар ҳаҷми 2,59 млр доллар барои Украина ҷудо кунад. Дар ин бора рӯзи душанбе сарвазири Дания Метте Фредериксен хабар дод.

Моҳи марти соли ҷорӣ Дания Бунёди низомӣ ва кӯмаки шаҳрвандиро барои Украина таъсис дод. Ин Бунёд 1 млрд доллар сармоя дорад. Фредериксен дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки ҳукумати кишвараш тасмим дорад, дар ин бунёд ҳудуди 1 млрд доллари дигар соли ҷорӣ ва 1,5 млрд соли оянда ворид кунад.

Владимир Зеленский, президенти Украина тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумати Дания сипосгузорӣ кард.

Хабари кӯмак ба Украина аз сӯи Фредериксен дар ҳоле садо медиҳад, ки Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО ба зудӣ ба Дания сафар хоҳад кард. Столтенберг моҳи сентябри соли ҷорӣ дабирии НАТО-ро тарк мекунад. Метте Фредериксен яке аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми дабирии НАТО номида мешавад.

XS
SM
MD
LG