Ссылки доступа

Дар Қарабоғи Куҳӣ даҳҳо ҳазор сокин дар гирдиҳамоии истиқлолхоҳӣ ширкат карданд


Митинг за независимость в Степанакерте (Ханкенди), 30 октября 2022 года

Дар пойтахти кишвари худхондаи Қарабоғи Куҳӣ, шаҳри Степанакерт (Ханкендӣ) даҳҳо ҳазор сокин дар гирдиҳамоии истиқлолхоҳӣ ширкат карданд.

Ҳамзамон порлумони ин ҷумҳурии худхонда изҳоротеро дар бораи нагузаштан ба ихтиёри Озарбойҷон имзо кард.

Истиқлоли Қарабоғи Куҳӣ аз сӯи армантаборони вилояти автономии шӯравии Қарабоғи Куҳӣ дар ибтидои солҳои 1990 эълом шуда буд. Ҳеч кадом аз кишварҳои дунё ин истиқлолро эътироф накардаанд. Баъди низои мусаллаҳона дар соли 2020 қисме аз Қарабоғи Куҳӣ таҳти назорати Озарбойҷон гузашт.

Ба иттилои расмии ҳукумати Қарабоғи Куҳӣ, дар гирдиҳамоии ахир наздики 40 ҳазор сокин ширкат кардааст. Ба ҳисобҳои дигар, ин гирдиҳамоӣ то 70 ҳазор сокинро ҷамъ овардаааст, ки нисфе аз аҳолии минтақаро ташкил медиҳад. Ширкатдорон шиорҳое амсоли манъсозии "хушунати Озарбойҷон" ва парчами Русияро дар даст доштанд.

Гирдиҳамоии сокинон ва имзои изҳорот аз ҷониби порлумони Қарабоғи Куҳӣ дар ҳолест, ки рӯзи 31 октябр дар шаҳри Сочии Русия мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони Озарбойҷон, Арманистон ва Русия баргузор шуд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Қарабоғи Куҳиро ҳудуди Озарбойҷон эътироф кардааст, аммо аз ибтидои солҳои 1990 Боку бештаре аз ҳудудҳои ин минтақаро дар назорат надорад.

Роҳбарони Арманистону Озарбойҷон гуфтанд, тасмим доранд, ки то охири соли 2022 созишномаи сулҳро имзо кунанд.

XS
SM
MD
LG