Ссылки доступа

Духтари сухангӯи Путин дар Қазоқистон андозсупоранда аст?


Нафаре, ки ному насаб ва соли таваллудаш бо Елизавета Пескова, духтари сухангӯи президенти Русия монанд аст, дар Қазоқистон соҳиби рақами мушаххаси инфиродӣ (РМИ) шудааст.

Ин маълумотро тарҳи таҳқиқотии "Система" аз феҳристи онлайнии Маркази миллии сертификатсияи Қазоқистон ва пойгоҳҳои дигар дастрас кардааст.

Зоҳиран Пескова РМИ-ро пеш аз моҳи сентябри соли 2022 дарёфт кардааст. Зеро рақам аз сӯи Идораи даромадҳои давлатии шаҳри Нурсултон дода шудааст ва номи пойтахти Қазоқистон аз моҳи марти соли 2019 то моҳи сентябри соли 2022 Нурсултон буд.

РМИ дар Қазоқистон монанди РМА (Рақами мушаххаси андозсупоранда) дар Русия аст. Он барои дарёфти хидматрасониҳои давлатӣ ва бонкӣ муҳим мебошад.

Дарёфти РМИ-и Қазоқистон аз сӯи русиягиҳо баъди ҳамлаи Русия ба Украина афзоиш ёфтааст. Шаҳрвандони Русия ба хотири давр задани маҳдудиятҳои "Visa" ва "Mastercard" дар бонкҳои Қазоқистон ҳисоб мекушоянд.

XS
SM
MD
LG