Ссылки доступа

Дар Швейтсария хонаи Кабаеваро $75,5 млн ба фурӯш гузоштаанд


Як хона дар Швейтсария, ки гумон меравад, ба қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Алина Кабаева тааллуқ дорад, ба маблағи 75 миллион франки швейтсарӣ (тақрибан 75,5 миллион доллар) ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар ин бора маркази таҳқиқотии "Доссье" навиштааст. Ба иттилои манбаъ, хона дар Колонӣ, яке аз шаҳракҳои гаронтарини Швейтсария ҷойгир аст. Онро "The Wall Street Journal" дар як матлабаш дар бораи Кабаева зикр карда буд. Маҷалла навишт, ки Кабаева дар як хонаи боҳашамати дорои майдони фурудоии чархбол дар Колонӣ зиндагӣ мекунад.

Хонаи мазкур дар кӯчаи "Rampe de Cologny" дар наздикии қасре ҷойгир аст, ки қаблан ба Геннадию Тимченко, дӯстӣ президенти Русия Владимир Путин тааллуқ дошт.

Алина Кабаева мудири "Гуруҳи расонаҳои миллӣ"-и Русия аст ва аз вай маъшуқа ё ҳамсари Владимир Путин ном мебаранд. Зидди ӯ баъзе аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Бритониё ва Канада таҳрим эълом кардаанд.​

XS
SM
MD
LG