Ссылки доступа

Доналд Трамп имрӯз дар додгоҳ муҳокима мешавад


Секретные документы в поместье Дональда Трампа Мар-а-Ларго в Палм-Бич
Секретные документы в поместье Дональда Трампа Мар-а-Ларго в Палм-Бич

Президенти пешини ИМА Доналд Трамп имрӯз, 13 июн дар додгоҳ муҳокима мешавад.

Рӯзи 9 июн додгоҳи ИМА нисбати Трамп дар асоси 37 банд айб эълом кард. Президенти пешини ИМА дар нигаҳдории ғайриқонунии ҳуҷҷатҳои махфӣ ва тавтиа бо ҳадафи монеи адолати додгоҳӣ шудан айбдор мешавад.

Миёни бандҳои айбнома - ихтиёрдории ғайриқонунии иттилои марбут ба мудофиаи миллӣ низ ҳаст. Додситони федеролии ИМА гуфт, Трамп даҳҳо ҳуҷҷати махфиро дар манзилаш пинҳон кардааст.

Трамп бори дувум аст, ки ба ҳайси айбдоршаванда дар содир кардани ҷиноят дар додгоҳ ҳозир мешавад. Бори аввал моҳи апрел ӯро дар додгоҳ муҳокима карданд. Он замон вай дар тақаллуби аснод айбдор мешуд.

XS
SM
MD
LG