Ссылки доступа

Рӯзноманигори қазоқ Муҳаммадкаримро дар сармоягузории терроризм айбдор мекунанд


Думан Муҳаммадкарим
Думан Муҳаммадкарим

Думан Муҳаммадкарим - рӯзноманигори қазоқистонӣ, ки бо гумони "вайрон кардани қонуни баргузории гирдиҳамоиҳо" боздошт шуда буд, ба "сармоягузории терроризм" муттуҳам мешавад.

Вакили дифои рӯзноманигор Галим Нурпеисов гуфт, эҳтимол парвандаи нави шахси зери ҳимояаш ба мусоҳиба бо бонкдор ва мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов рабт дорад.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзноманигорро ба муҳлати 48 соат боздошт карданд ва додгоҳ дар ин муддат бояд масъалаи ба ҳабси пешакӣ гирифтанашро баррасӣ кунад.

Ҷонибдорони Думан Муҳаммадкарим, ки дирӯз бояд баъди адои ҳабси маъмурӣ озод мешуд, дар назди бинои пулис ҷамъ шуданд. Онҳо изҳори нигаронӣ карданд, ки кормандони пулис эҳтимол дорад, ӯро раҳо накунанд.

Пулиси Қазоқистон Муҳаммадкаримро 28 майи имсол боздошт ва 25 рӯз ҳабси маъмурӣ кард. Пеш аз боздошт Муҳаммадкарим дар ҳабси маъмурӣ буд ва рӯзи 26 май озод шуд.

"Замоне ки вай дар боздошт буд, дар ютубканалаш чанд навор нашр шудааст. Дар яке аз он наворҳо гӯё вай ба "гирдиҳамоӣ" даъват кардааст", - гуфта буд вакили мудофеъ дар шарҳи боздошти рӯзноманигор.

Муаллифи саҳифаи ND дар YouTube Думан Муҳаммадкарим барои вайрон кардани тартиби баргузории гирдиҳамоӣ ду бор ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд.

Мухтор Аблязов дар хориҷ ба сар мебарад ва ҳаракати дар Қазоқистон мамнуи "Интихоби демократӣ"-ро таъсис додааст.

XS
SM
MD
LG