Ссылки доступа

Қодир Аднон баъди 86 рӯзи гуруснанишинӣ дар зиндони Исроил ҷон дод


Қодир Аднон, яке аз аъзои баландпояи гуруҳи тундрави "Ҷиҳоди исломӣ"-и Фаластин баъди 86 рӯзи гуруснанишинӣ дар зиндони Исроил ҷон бохт.

Хадамоти маҳбасҳои Исроил хабар дод, ки зиндониро дар ҳуҷрааш дар ҳолати беҳушӣ пайдо карданд ва ӯ дар бемористон даргузашт. Аднон, ки баъди эъломи гуруснанишинӣ вазъаш бад шуда буд, ахиран "аз ёрии тиббӣ даст кашидааст".

Гуруҳи тундрави "Ҷиҳоди исломӣ" гуфтааст, Исроил барои марги ин узви баландпояаш "подоши бузург" хоҳад пардохт. Сарвазири Фаластин Муҳаммад Штийе мақомоти Исроилро дар куштори Аднон айбдор кардааст.

Қодир Аднон дар давоми 20 соли ахир борҳо дар зиндони Исроил афтода, дар эътироз ба боздошти худ гуруснанишинӣ эълом намудааст. Ӯ бори ахир ҳудуди се моҳ қабл гуруснанишинӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG