Уғон ба ҳимоят аз Эрдуғон баъд аз мулоқоти рӯ ба рӯ бо ӯ даъват кард. Ба навиштаи Hurriyet, дар ивази ҳимоят Уғон, ба вижа аз Эрдуғон талаб кардааст, ки чанде аз моддаҳои Конститутсияро иваз накунад, зидди ҳама гуна созмонҳои террористӣ мубориза барад ва инчунин зина ба зина паноҳандаҳои суриягиро ихроҷ созад.
Интихоботи президентии Туркия рӯзи 14 май баргузор шуд. Ба ҷонибдорӣ аз Эрдуғон 49,5 дарсад раъй доданд. Рақиби асосии вай, номзади ягонаи мухолифон Камол Киличдороғлу қариб 45 дарсад раъй овард. Аз он ҷо ки ҳеч кадом номзадҳо 50 дарсади раъйро барои пирӯзи соҳиб нашуданд, интихобот ба даври дувум рафт. Даври дувум рӯзи 28 май баргузор мешавад.
Ба бовари нозирон, баъди даъвати Уғон ба ҳимоят аз Эрдуғон шонси пирӯзии вай бештар шудааст.