Ссылки доступа

Содироти гандуми Украина мумкин аст, ҳафтаи оянда ба роҳ монда шавад


Переговоры в Стамбуле по разблокированию морского экспорта украинского зерна
Переговоры в Стамбуле по разблокированию морского экспорта украинского зерна

Дар шаҳри Истамбул ҳайатҳои Украина, Русия ва Туркия, инчунин намояндагони СММ оид ба кушодани роҳи баҳрӣ барои содироти гандуми Украина мулоқот карданд. Дар ин мулоқот созиш ҳосил шуд.

Ҳайатҳо ба созиш расиданд, ки "дар ҳудудҳои берун аз марзҳои ҷуғрофӣ" низоми оташбасро риоя кунанд ва роҳҳои баҳриро қисман аз бомбҳои обӣ поккорӣ намоянд. Дар ин бора The Wall Street Journal бо такя ба манобеи худ хабар медиҳад.

Ба иттилои нашрия, гандумро мумкин аст, аз 3 бандари Украина содир кунанд. Ба илова, неруҳои низомии Туркия киштиҳои холиеро тафтиш хоҳанд кард, ки барои гандум ба Украина роҳсипор мешавнад. Русия нигарон аст, ки киштиҳо метавонанд, ба Украина аслиҳа интиқол диҳанд.

Ҳулуси Акар, вазири мудофеи Туркия гуфт, дар натиҷаи гуфтугӯҳои дирӯза нахустин қадами муҳим гузошта шуд. Ба гуфтаи вай, созиш мумкин аст, ҳафтаи оянда имзо шавад.

Баъди ҳамлаи Русия ба Украина дар таърихи 24 феврали соли ҷорӣ бандарҳои украинӣ дар баҳри Сиёҳ, аз ҷумла бандари Одесса ва Николаев баста шуданд ва бандари баҳри Азов аз сӯи Русия ғасб шуд. Бино ба баҳогузории коршиносони ғарбӣ, дар Одесса ва наздикиҳои он наздики 20 млн тона гандум ҷамъ шудааст.

Украина чорумин кишвари содиркунандаи ғалла дар ҷаҳон аст ва соли 2021 қариб 45 миллион тонна ғаллаву донагӣ фурӯхтааст. Украина ба далели баста будани бандарҳояш наметавонад, гандумашро содир кунад.

XS
SM
MD
LG