Ссылки доступа

Имтиҳони забони русро аз муҳоҷирон танҳо донишгоҳҳо мегиранд


Ҳамаи 12 донишгоҳе, ки масъули гирифтани имтиҳон аз хориҷиҳо буданд, шартномаҳоро бо шарикони тиҷориашон бекор карданд. Дар ин бора вазорати маорифи Русия хабар дод.

"Ба ин тартиб баргузории имтиҳон аз номи муассисаҳои таълимӣ дар муассисаҳои тиҷоратӣ бекор шуд", - омадааст дар хабари вазорати маорифи Русия.

Акнун имтиҳонҳоро аз шаҳрвандони хориҷӣ танҳо донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои давлативу маҳаллӣ мегиранд. Ҳадафи ин тасмим - тақвияти сифат унвон шудааст. Дар сарторсари Русия марказҳои имтиҳонгирӣ ташкил хоҳанд шуд.

Баъди ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Масква дар Русия тафтиши муҳоҷирон ва сохторҳое сахттар шудааст, ки бо муҳоҷирон кор мекунанд. Аз ҷумла Наталя Трухановская аз мудирии Институти забони русӣ ба номи Пушкин аз мақом барканор шуд.

Дар вазорати маорифи Русия гуфтанд, дар институт баргузории имтиҳонҳоро барои муҳоҷирон аз забони русӣ ва таърихи Русия ва ҳамчунин асосҳои қонунгузории Русия ба таври бояду шояд назорат намекардаанд.

XS
SM
MD
LG