Ссылки доступа

Эрдуғон Путинро ба қатъи оташкушоиҳо дар Украина даъват кард


Президентҳои Туркия ва Русия -- Раҷаб Эрдуғон ва Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом додаанд.

Хабаргузории туркии "Анадолу" иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо муносибатҳои Русия ва Туркия, масъалаҳои эенергетикӣ, ҷанг дар Украина ва вазъи Сурияро баррасӣ кардаанд.

Эрдуғон ҳангоми суҳбат дар бораи ҷанги Украина ба Путин гуфтааст, ки "даъватҳо ба сулҳ ва муколама тавассути қатъи якҷонибаи амалиёти низомӣ ва ҳалли одилонаи ихтилофи назарҳо бояд дастгирӣ ёбанд".

Хабаргузории туркӣ аз суханҳои Путин иқтибос наовардааст.

Хадамоти матбуоти Кремл баъди анҷоми суҳбат иттилоъ дод, ки Путин ба Эрдуғон дар бораи “нақши харобиовари кишварҳои ғарбӣ” гуфтааст, ки ба Украина кумаки низомӣ мерасонанд. Ӯ ҳамчунин омодагии худро барои муколама бо Киев таъйид карда, вале афзудааст, ки мақомоти Украина нахуст бояд талабҳои ҷониби Русияро риоя кунанд ва "воқеиятҳои нави ҳудудиро" ба назар гиранд.

Қаблан президенти Украина Владимир Зеленский борҳо таъкид карда буд, ки танҳо дар сурати баргардонидани тамоми заминҳои ишғолшудаи кишвараш, аз ҷумла нимҷазираи Қрим омодааст, бо Русия гуфтугӯ кунад.

XS
SM
MD
LG