Ссылки доступа

Эрдуғон худро барандаи даври дувуми интихобот эълом кард


Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон худро барандаи даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии кишвараш эълом кард.

“Мо кишварро панҷ соли дигар идора мекунем”, - гуфт ӯ дар вохӯрӣ бо ҳаводоронаш дар шаҳри Истанбул.

Пирӯзии Эрдуғонро дар даври дувум дертар Шӯрои олии интихоботии Туркия низ тасдиқ кард. Бино ба хабарҳо, Эрдуғон каме бештар аз 52 дарсади овозҳоро соҳиб шудааст. Ба рақиби ӯ, номзади мухолифон Камол Қиличдороғулу 48 дарсади иштирокдорон раъй додаанд.

Дар даври дувуми интихоботи президентии Туркия 85 дарсади афроди қобили раъй иштирок кардааст.

Ба Қиличдороғулу ба монанди даври аввал аз ҳама бештар сокинони шаҳрҳои Истамбул ва Анқара раъй додаанд.

Эрдуғон, ки 69 сол дорад, дар бист соли гузашта раҳбарии Туркияро дар мақоми нахуствазир ва раиси ҷумҳурӣ дар даст доштааст. Ӯ то соли 2028 дар қудрат хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG