Ссылки доступа

Эрдуғон хост, барои таҳқиқи тахриби неругоҳи Украина комиссия ташкил шавад


Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон
Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон

Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар ҷараёни гуфтугӯҳои телефонӣ бо ҳамтоёни рус ва украинии худ пешниҳод кардааст, ки барои таҳқиқи тахриб шудани садди обанбори Каховка як комиссия ташкил карда шавад.

Нашрияи туркии "Hürriyet" иттилоъ дода, ки Эрдуғон гуфтааст, ба таҳқиқи ҳодиса бояд коршиносони ҷонибҳои ҷанг, намояндагони СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷалб шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, Анқара омодааст, барои гузаронидани ин тафтишот тамоми корҳоро анҷом диҳад. Вай аз таҷрибаи миёнчигарии кишвараш дар гуфтугӯҳо барои созиши ғалла миёни Москва ва Киев ёдовар шудааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский баъди гуфтугӯ бо ҳамтои турки худ дар Телеграм навишт, ки рӯйхати ниёзҳои фаврии кишварашро барои рафъи оқибатҳои рахнашавии сад ба Эрдуғон пешниҳод кардааст. Ӯ тахриби нерӯгоҳро ҳамлаи террористии Русия номид.

Кремл гуфт, президенти Русия Владимир Путин Украинаро дар ҳодиса муттаҳам кард ва тахрибро "амали ваҳшиёна" номид. Ин аввалин шарҳи Путин дар бораи рахна шудани сад буд.

Зеленский ва Путин ба пешниҳоди Эрдуғон дар бораи ташкили комиссия чи посух додаанд, маълум нест.

Садди обанбори Каховка, ки зери назари русҳо буд, рӯзи 6-уми июн бар асари таркиш рахна шуд. Киев ва Маскав ҳамдигарро ба вайрон кардани обанбори бозмонда аз Шӯравӣ дар ҳудуди вилояти Херсон гунаҳкор мекунанд.

XS
SM
MD
LG