Ссылки доступа

ИА хост, роҷеъ ба марги Навалний таҳқиқи байналмилалӣ анҷом шавад


Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз Русия талаб кардааст, ки дар робита ба марги ногаҳонии мухолиф Алексей Навалний дар зиндон тафтиши мустақил ва шаффофи байналмилалӣ гузаронида шавад.

Раҳбари сиёсати хориҷии ИА Жозеп Боррелл дар изҳороти худ гуфта, ки иттиҳод барои ба ҷавобгарӣ кашидани раҳбарияти сиёсии Русия талошҳои заруриро анҷом хоҳад дод. Аз ҷумла, зидли Маскав таҳримҳои нав эълом мешавад.

Жозеп Боррелл дар марги Навалний раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва мақомоти он кишварро масъул донистааст.

Раҳбари сиёсати хориҷии ИА, ки рӯзи душанбе дар Шӯрои иттиҳод дар умури байналмилалӣ суханронӣ мекард, ба ҳамсару фарзандон ва дӯстони сиёсатмадори мухолифи рус ҳамдардӣ баён кард.

Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифони Русия, ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, рӯзи 16-уми феврал даргузашт. Ҷасади ӯро ҳанӯз ба пайвандонаш надодаанд.

Ба вуҷуди боздоштҳои пайиҳам, хонаводаи Навалний ва ҷонибдоронаш барои гирифтани ҷасади ӯ аз дасти мақомоти Русия талош доранд.

Кремл, ки солҳо аз зикри номи Алексей Навалний парҳез мекард, рӯзи 19-уми феврал сукути худро шикаст ва гуфт, ки тафтиши марги ӯ идома дорад, вале масъалаи кай супоридани ҷасад дар ихтиёри онҳо нест.

XS
SM
MD
LG