Лоиҳа бо ҷонибдории 536 вакил, 40 раъйи мухолиф ва 39 бетараф қабул шуд.
Дар иттилоияи сомонаи порлумони Аврупо омадааст, ки Иттиҳоди Аврупо (ИА) Украинаро дастгирӣ мекунад ва то замоне, ки лозим аст, дастгирӣ хоҳад кард.
Раҳбарони ИА дар ҷаласаи 1 феврал бо вуҷуди мухолифати тӯлонии Маҷористон ба созиш расиданд, ки ба Украина кумаки молӣ кунанд.
Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен 24 феврал аз шаҳри Киев боздид карда, хабар дод, ки як қисми ин пул моҳи март ба Украина дода мешавад, вале ҳаҷми дақиқи онро зикр накард.
Қаблан Вазорати иқтисоди Украина хабар дода буд, ки интизор дорад, моҳи март аз ИА 4,5 миллиард евро дарёфт кунад.