Ссылки доступа

Мақомоти амрикоӣ гумонбар дар нашри ҳуҷҷатҳои Пентагонро боздошт карданд


Бюрои федеролии пажуҳишии ИМА гумонбар дар нашри ҳуҷҷатҳои махфии Пентагонро боздошт кард. Гумонбар низомии 21-солаи бахши иктишофии неруҳои низомии Гвардияи миллии аёлати Массачесетси ИМА аст. Вай, ба иттилои пешакӣ, иттилои махфиро ба дӯстонаш ирсол кардааст.

Дар бораи боздошти гумонбар телевизиони Fox News ва нашрияи The New York Times хабар доданд. Рӯзноманигорон пештар шахсияти гумонбарро ошкор карда буданд. Ба иттилои расонаҳо, гумонбар Ҷек Тейшейри 21-сола аст.

Шахсияти боздоштшударо додситони кулли ИМА Меррик Гарланд тасдиқ кард. Тафтишот мегӯяд, боздоштшуда дар воқеъ гуруҳеро дар паёмрасонҳои онлайнӣ мудирият мекард, ки ҳуҷҷатҳо онҷо нашр шудаанд. Ба гуфтаи додситон, нисбати Тейшейр айби ғайриқонунӣ соҳиб шудани маълумот дар робита ба мудофиаи миллӣ эълом мешавад.

Мақомоти амрикоӣ Тейшейрро рӯзи 13 апрел боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG