Ссылки доступа

Филиппин шартномаи хариди чархболҳоро аз Русия бекор кард


Ҳукумати Филиппин шартномаи хариди чархболҳои низомиро аз Русия бекор кард.

Намояндаи вазорати мудофиаи Филиппин гуфт, баъди ҳамлаи Русия ба Украина идомаи ҳамкориҳои низомиву тиҷорӣ метавонист, барои Филиппин таҳримҳои ИМА-ро ба бор орад.

Бар асоси як шартнома аз моҳи ноябри соли 2021, ширкати "Совтехноэкспорт"-и Русия мебоист, ба артиши Филиппин 16 чархболи низомии Ми-17 фурӯшад. Делфин Лорентсан, вазири пешини мудофиаи Филиппин гуфт, ИМА хабар дорад, ки Филиппин шартномаи хариду фурӯши чархболҳоро бекор кардааст.

Ми-17 навъи чархболҳое ҳастанд, ки ҳам барои мусофиркашонӣ ва ҳам бо ҳадафҳои низомӣ истифода мешаванд. Ин навъи чархбол то 26 мусофир ва то 8 тона бор мебардорад.

Пештар аз ин Ҳинд низ аз хариди 48 чархболи низомии Ми-15В5, истеҳсоли Русия даст кашид.

XS
SM
MD
LG