Ссылки доступа

Урсула фон дер Ляйен дубора раҳбари Комиссияи Аврупо интихоб шуд


Порлумони Аврупо 18 июл ризоят дод, ки Урсула фон дер Ляйен Комиссияи Аврупоро панҷ соли дигар раҳбарӣ кунад.

Номзадии ӯро аз 720 вакил 401 нафар ҷонибдорӣ кардаанд. Раъйгирӣ пинҳонӣ сурат гирифта, 284 вакил зид баромада, 15 кас дар овоздиҳӣ иштирок накардаанд.

Фон дер Ляйен, ки узви Иттиҳоди масеҳӣ-демократии Олмон мебошад, бузургтарин ҷиноҳро дар порлумони Аврупо намояндагӣ мекунад. Қаблан номзадии ӯро раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ карда буданд.

Акнун Урсула фон дер Ляйенро мебояд, Комиссияи Аврупоро ташкил кунад. Дар комиссия мақомҳои нав, аз ҷумла комиссарҳо дар умури дифоъ ва сиёсати манзил таъсис дода хоҳанд шуд.

Фон дер Ляйен ҷонибдорӣ тавсеаи Иттиҳоди Аврупо ва шомилшавии Украина, Гурҷистону Молдова ба ҳайати иттиҳод аст. Вале ба гуфтаи ӯ, ҳамроҳшавии ин кишварҳо аз дастовардҳои худи онҳо бастагӣ дорад.

XS
SM
MD
LG