Ссылки доступа

Саҳифаҳои аввали газетаҳо дар Исроил бо ранги сиёҳ нашр шуданд


Протест против судебной реформы в Израиле
Протест против судебной реформы в Израиле

Саҳифаҳои аввали бузургтарин нашрияҳо дар Исроил бо нишони эътироз зидди ислоҳоти додгоҳӣ бо ранги сиёҳ аз чоп баромаданд. Дар ин саҳифаҳо "Рӯзи сиёҳ барои демократияи Исроил" навишта шудааст.

Шоми рӯзи душанбе порлумони Исроил нахустин қонунро дар доираи ислоҳоти додгоҳӣ қабул кард, ки зидди ин қонун садҳо ҳазор исроилӣ эътироз доранд. Қонуни нав Додгоҳи олиро аз ҳаққи бекор кардани қарорҳои ҳукумат маҳрум месозад.

Додрасҳои додгоҳи олии Исроил бо роҳбарии раиси додгоҳ, ки бо сафари хидматӣ дар Олмон қарор доштанд, сафарро қатъ ва ба Исроил баргаштаанд. Додрасҳо акнун даъвоҳоеро баррасӣ мекунанд, ки зидди қонуни нав ба додгоҳ ворид шудаанд. Дар марҳилаи аввал, тавре интизор меравад, додгоҳ бо қарори муваққат иҷрошавии қонунро боз медорад.

Агар додгоҳи олӣ қонуни қабулкардаи порлумонро бекор созад, дар он сурат дар Исроил буҳрони конститутсионӣ ба вуҷуд меояд ва ин маънои онро дорад, ки эътилофи ҳукумрон аз иҷрои қарори додгоҳ сар мепечад. Ҳамзамон агар қонун бекор нашавад, мухолифони он эътирозҳои оммавиро идома медиҳанд.

Сарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу ва ҳамсафонаш мегӯянд, ислоҳот барои маҳдудсозии салоҳиятҳои додрасҳоест, ки интихоб намешаванд. Мухолифони ислоҳот мегӯянд, қонуни нав имкони сӯистифода аз қудратро фароҳам меорад.

XS
SM
MD
LG