Дар ҳамин ҳол, рӯзномаи "Вашингтон пост" дар гузорише навишт, ки ҳукумати Амрико дар ҳоли омода кардани "тавофуқи ниҳоӣ" ва "барои охирин бор" барои пешниҳод ба тарафҳои даргир аст.
Дар хабаре дигар, Вазорати тандурустии Исроил шоми якшанбеи 1-уми сентябр эълон кард, ки натиҷаҳои ба дастомада аз колбадшикофии шаш нафар гаравгонҳо нишон медиҳад, ки онҳо байни 48 то 72 соат қабл аз колбадшикофӣ кушта шудаанд.
Гурӯҳи "Ҳамос" гуфтааст, ки ин гаравгонҳо бар асари ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои исроилӣ кушта шудаанд. Исроил мегӯяд, ки дар бадани онҳо осори тир будааст.
Шоми якшанбе даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳрҳои гуногуни Исроил ба кӯчаҳо рехтанд ва хостори дастёбии фаврӣ ба тавофуқе барои озодии гаравгонҳои боқимонда шуданд.
Бинобар гузоришҳо, ин тазоҳурот яке аз калонтарин ҷамъомадҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумати Исроил аз замони оғоз ҷанги Ғазза буд.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз расонаҳои исроилӣ шумораи тазоҳуркунандагон дар шаҳрҳои мухталифи Исроилро ҳудуди дувуним миллион нафар гуфтааст.
"Times Israel" низ гузориш додааст, ки танҳо дар Телавив ҳудуди 300 ҳазор нафар ба хиёбонҳо баромаданд.
Тазоҳуркунандагон бо сар додани шиорҳое аз қабили "Онҳоро зинда мехоҳем" ва "Ҳамин ҳоло, ҳамин ҳоло", аз Бенямин Нетаняҳу мехостанд, ки барои бозгардонидани гаравгонҳои боқимонда зудтар ба созиш бирасад.
Дар Телавив пас аз тазоҳуроти аслӣ, шуморе аз эътирозгарон яке аз шоҳроҳҳои ин шаҳрро ба муддати се соат бастанд.
Ба гузориши расонаҳои исроилӣ, дар пайи занозаниҳои пароканда байни пулис ва эътирозгарон дар ин шоҳроҳ, шуморе аз тазоҳуркунандаҳо боздошт шуданд ва шумори умумии боздоштшудаҳои рӯзи якшанбе ба беш аз 30 нафар расид.
Ҳамчунин интизор меравад, ки коршикании густурда дар Исроил аз субҳи душанбе оғоз шавад.
Даъват ба ин коршиканӣ аз тарафи яке аз калонтарин иттиҳодияҳои коргарии Исроил бо ҳадафи фишор бар ҳукумати Нетаняҳу барои поён додан ба ҷанги Ғазза ва боз гардонидани гаравгонҳо ба хона эълон шудааст.