Ссылки доступа

143 кишвар дар Созмони Милал алайҳи Русия раъй доданд. Тоҷикистон худдорӣ кард


Выступает посол Украины в ООН

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбеи 12-уми октябр бо аксарияти орои кишварҳои узв, ҳамроҳкунии ғайриқонунии қаламравҳои Украина аз сӯи Русияро маҳкум кард.

Аз 193 кишвари узв, 143-тои он зидди ин иқдоми Русия раъй доданд. Панҷ кишвар, аз ҷумла, Сурия, Никарагуа, Кореяи Шимолӣ, Белорус ва худи Русия мухолифи ин қатънома раъй доданд. 35 кишвари дигар аз ҷумла, Чин, Ҳинд, Покистон ва Тоҷикистон аз раъй додан худдорӣ кардаанд.

Бархе кишварҳои дигар, аз ҷумла, Эрон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Венесуэла аз ҷумлаи кишварҳое буданд, ки дар ҷаласаи раъйдиҳӣ иштирок накарданд.

Ҷозеп Боррел, мусъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар вокуниш ба қабули ин қатънома дар "Твиттер" навишт, "Созмони Милали Муттаҳид ба таври ошкор ҳамроҳкунии ғайриқонунии сарзаминҳои Украина ба Русияро рад кард".

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар идома гуфт, "143 раъйи мувофиқ барои қабули ин қатънома, далели дар инзивои байналмилалӣ қарор гирифтани Русия аст". Ба гуфтаи Ҷозеп Боррел, "Иттиҳоди Аврупо дар паҳлӯи Украина хоҳад буд".

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ду ҳафта пеш дар пайи назарсанҷие, ки кишварҳои ғарбӣ ва Украина онро сохта ва ғайриқонунӣ хонданд, расман дастури ҳамроҳкунии минтақаҳои ишғолшудаи Донетск, Луганс, Херсон ва Запороже ба хоки Русияро имзо кард. Ин минтақаҳо ҳудуди 15 дарсади хоки Украинаро ташкил медиҳанд.

Кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто бисёре аз муттаҳидони наздики Русия ин амалкарди Маскавро ба шиддат маҳкум кардаанд.

Маскав ҳудуди ду ҳафта пеш қатъномаи пешниҳодии Амрико ва Албания ба Шӯрои Амнияти СММ барои маҳкумияти ҳамроҳкунии бахшҳое аз хоки Украина ба Русияро "вето" кард.

Таҳти таъсири ҳодисаҳои ахир ва таҳдиди Путин ба истифода аз аслиҳаи вайронгар, бӯҳрони Украина вориди марҳилаи нав шудааст. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина низ ҳафтаи гузашта дар вокуниш ба ин таҳаввулот, хостори пайвастани ҳарчи зудтари Украина ба НАТО шуд.

Рӯзи 24-феврали соли ҷорӣ Русия ҳамлаи низомии худро ба Украина оғоз кард. Нерӯҳои русӣ дар ҳафтаҳои ахир бар асари ҳамлаҳои нерӯҳои украинӣ маҷбур ба ақибнишинӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG