Ссылки доступа

Олмон розӣ шуд, тонкҳои "Леопард" ба Украина ирсол шавад


Олмон розӣ шуд, ки тонкҳои "Леопард" ба Украина ирсол шавад. Дар ин бора рӯзи 24 январ маҷаллаи Der Spiegel хабар дод. Ҳамзамон Вашингтон тасмим дорад, ба Киев тонҳои навъи М1 "Абрамс"-ро ирсол кунад.

Ба иттилои маҷалла, садри аъзами Олмон Олаф Шолтс тасмим гирифтааст, ба Украина тонкҳои навъи "Леопард 2" ирсол кунад. Қарор аст, ҳудуди 10 тонк ба Украина ирсол карда шавад.

Берлин ҳамчунин тасмим дорад, ки ба кишварҳои дигар иҷоза диҳад, тонкҳои истеҳсоли Олмонро ба Украина ирсол кунанд.

Пештар Лаҳистон, Нидерланд ва Испания гуфтанд, агар Олмон иҷоза диҳад, тонкҳои "Леопард"-ро, ки дар ихтиёр доранд, ба Украина мефиристанд. Эҳтимол аст, Италия, Дания ва Финландия низ ба ин маърака ҳамроҳ шаванд. Дар маҷмуъ мумкин аст, ба Украина 100 тонк фиристода шавад.

Рӯзи 24 январ нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба манобеи худ навишт, ки ҳукумати президенти ИМА Ҷо Байден тасмим дорад, ба Украина тонкҳои навъи М1 "Абрамс" ирсол кунад.

XS
SM
MD
LG