Ссылки доступа

Олмон барои дастгирии Украина 12 млрд еврои дигар ҷудо мекунад


Кумитаи буҷаи порлумони Олмон рӯзи чоршанбе тарҳеро қабул кард, ки бар асоси он, дар давраи то соли 2032 барои дастгирии Украина 12 миллиард евро ҷудо карда мешавад.

Намояндагони кумита ба хабаргузории AFP гуфтаанд, ки беш аз чаҳоряки ин пул дар соли равон ҷудо мешавад.

Маблағи ҷудошуда барои интиқоли мустақими силоҳ ба Украина ё хариди аслиҳа барои бундесвер равона карда мешавад. Аслиҳаи артиши Олмон дар давоми як соли ахир дар натиҷаи интиқоли навъҳои гуногуни силоҳи вазнин ба Украина ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст.

Кумитаи буҷаи порлумони Олмон иҷозат дода, ки имсол барои харҷҳои ғайринақшавии дифоии кишвар 3,24 миллиард евро ҷудо шавад. Давоми солҳои баъдӣ то соли 2032 8,82 миллиард еврои дигар ҷудо карда мешавад.

Олмон аз оғози ҳамлаи беасоси Русия барои кумаки низомӣ ба Украина се миллиард евро ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG