Сабабҳои таркиш феълан номаълуманд. Расонаи "SWR" иттилоъ додааст, ки кормандони "BASF" ҷароҳати сабук бардоштаанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар натиҷаи таркиш дар корхона партоби газ сурат гирифтааст ва аз сокинони минтақаҳои наздик дархост шудааст, ки дару тирезаҳои худро боз накунанд. Дертар ширкат гуфт, хатаре ба ҷони сокинон вуҷуд надорад.
Ибтидои моҳи равон дар сехи "Diehl Metal Applications" дар шаҳри Берлин низ сӯхтор сар зада буд. Чаҳор ошёнаи бино оташ гирифта буданд. Вале касе осеб надидааст.