Ссылки доступа

Бортников гуфт, аз рӯи ҳодисаи Крокус 20 нафар боздошт шудааст


Александр Бортников (аз чап) ва Владимир Путин
Александр Бортников (аз чап) ва Владимир Путин

Раҳбари ФСБ – Хадамоти амнияти федеролии Русия гуфт, аз рӯи қазияи ҳамла ба толори консертии “Крокус сити ҳол” дар таърихи 22 март беш аз 20 нафар боздошт шудааст.

Александр Бортников, ки рӯзи 24-уми май дар ҷаласаи Шӯрои сохторҳои амният ва хадамоти вижаи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд дар Бишкек суханронӣ мекард, гуфт, ҳаракати ҳамлагарон - ҷангҷӯёни Шохаи Хуросони гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” “аз қаламрави байни Афғонистон ва Покистон” ҳамоҳанг мешуд. Ӯ гуфт, ки “тамоми афроди дастдошта дар ин харобкорӣ маълум мешаванд ва то ҳол беш аз 20 нафар, аз ҷумла, иҷрокунандагони бевоситаву ёварони онҳо боздошт шудаанд”.

То ҳол дар матбуот дар бораи боздошти 13 нафар, аз ҷумла 12 шаҳрванди Тоҷикистон, ки чор нафарашон гӯё иҷрокунандаи бевоситаи ҳамла дониста мешаванд, гузориш шудааст. Вале бо сабаби шиканҷаи бераҳмонаву рафтори ғайриқонунии ходимони ҳифзи қонун, ки дар амалиёти боздошти гумонбарон иштирок мекарданд, ба дурустии ҳамаи изҳороти мақомоти Русия шубҳаи зиёд боқӣ мемонад.

Дар ҳоле, ки гумонбарони тоҷикистонии боздоштшуда гӯё ба содир кардани ин ҳамла иқрор шудаанд, ҳомиёни ҳуқуқ, аз ҷумла Human Rights Watch – созмони бонуфузи байналмилалӣ дурустии ин иқрорҳои зери шиканҷаи бераҳмонаро зери суол бурдаанд. Матбуот ва бархе муҳаққиқони мустақили матбуотӣ номувофиқатии изҳороти расмии мақомоти Русия ва ҳодисаҳои рӯйдода дар санаи 22 март ва баъди онро далели шубҳа ба иҷрокунандаҳои воқеии ҳамла будани онҳо мегӯянд, ки боиси кушта шудани 144 ва ҷароҳати садҳо тани дигар гардид.

Яке аз саволҳои ҷиддии нозирони бетараф ба нақши сохторҳои ҳифзи қонуни Русия, вокуниши кунди полису сохторҳои амниятӣ рабт мегирад. Дар Тоҷикистон мақомоти баландпоя ҳеҷ гоҳ расман ва ошкоро шубҳаи худ нисбати иҷрокунандагони воқеӣ будани боздоштшудаҳоро баён накардаанд, аммо бархе иттилои ғайрирасмӣ ҳокӣ аз он аст, ки дар ҳукумати Душанбе ба ривояти мақомоти тафтишотии Русия то охир эътимод надоранд. Президент Эмомалӣ Раҳмон танҳо гуфт, ки ин ҳодисаҳо ба обрӯи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ зарбаи ҷиддие шуд.

Бортников, ки рӯзи ҷумъа дар Маскав аз ҳамкоронаш дар кишварҳои собиқ шӯравӣ ташаккур кард, гуфт, “бо кӯмаки ҳамкорон аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон маълум карда шуд, ки корҳои омодагӣ, маблағгузорӣ, ҳамла ва ақибравии террористон тавассути интернет аз ҷониби аъзои Шохаи Хуросони ДОИШ ҳамоҳанг шудааст”.

Ӯ дар идома иддао кард: «...таҳқиқ идома дорад, вале аз ҳоло мешавад бо дили пур гуфт, ки ба ин ҳамла бевосита хадамоти ҷосусии Украина рабт дорад”. Ӯ афзуд, ки “яке аз ҳадафҳои фармоишгарони ин ҳамлаи террористӣ осеб расонидан ба равобити кишварҳои Иттиҳод (ИДМ) бо истифода аз омилҳои динию миллӣ мебошад”.

Ҳанӯз мақомот дар Украина ба ин иттиҳоми Бортников вокунише накардаанд, аммо моҳи март вақте Маскав ангушти ишораро ба самти Киев баланд кард, мақомоти ин кишваре, ки мавриди ҳуҷуми Русия қарор гирифтааст, иттиҳомро комилан бепояву асос хонда буданд.

Таҳқиқи парвандаи ҳамла ба “Крокус сити ҳолл”-ро Кумитаи тафтишоти Русия идома медиҳад ва ахиран мақомоти додгоҳӣ мӯҳлати ҳабси пешакии тоҷикистониҳои гумонбаршуда дар ҳамларо тамдид карданд. Маълум нест онҳо дар чӣ шароит нигаҳдорӣ мешаванд, оё ба вакили дифоъ дастрасӣ доранд ё на, вале хафви мавриди шиканҷаву бадафторӣ қарор гирифтани онҳо вуҷуд дорад. Дар мурофиаи охири додгоҳӣ оид ба таъини шароити будубоши онҳо ҳадди аққал чор гумонбар дар иҷрои ҳамла бо нишонаҳое аз мӯи сари буридаву ҳоли зоре зоҳир шуданд.

Эҳтимол меравад, ки мақомоти тоҷик ба назди гумонбарон роҳ дода намешаванд.

XS
SM
MD
LG