Ссылки доступа

Президенти пешини Қазоқистонро аз имтиёзҳои якумрӣ маҳрум карданд


Бывший президент Казахстана Нурсултан Назарбаев 
Бывший президент Казахстана Нурсултан Назарбаев 

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти кунунии Қазоқистон бо имзои як фармон қонун "Дар бораи президенти нахустини Қазоқистон - Елбасӣ"-ро бекор кард.

Қонуни мазкур барои президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва хонаводаи вай имтиёзҳои якумрӣ, аз ҷумла нигаҳдории онҳо аз ҳисоби буҷаи давлат ва таъмин бо муҳофизонро пешбинӣ мекард.

Назарбоев ҳамчунин аз ҳаққи дахлнопазирии амвол ва хешовандонаш аз ҳаққи дахлнопазирии шахсӣ маҳрум шуданд.

Назарбоев моҳи марти соли 2019 аз мақоми роҳбарии Қазоқистон истеъфо дод. Вай 28 сол дар сари қудрат буд.

XS
SM
MD
LG