Ссылки доступа

Раиси шӯрои мудирони "Лукойл" аз тирезаи бемористон ба замин афтодааст


Владимир Путин ва Равил Маганов

Раиси шӯрои мудирони ширкати нафтии "Лукойл" Равил Маганов дар натиҷаи сарозер шудан аз тирезаи бемористони марказии клиникии Москва ҷон бохтааст.

Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба манбаи худ хабардодааст. Масъулони бемористон дар суҳбат бо хабарнигори РБК ҳалокати Магановро тасдиқ карданд, вале нагуфтаанд, ки ҳодиса чи гуна рух додааст.

Ба иттилои телевизиони РЕН ТВ, Маганови 67-сола дар ошёнаи шашуми бемористон табобат мегирифт. Телеграм-канали "Mash" хабар додааст, ки раиси шӯрои мудирони "Лукойл" аз дарди қалб ранҷ мебурд.

Равил Маганов аз соли 1993 дар ҳайати Шӯрои мудирони "Лукойл" буд. Вай соли 2006 ба ҳайси муовини аввали мудири иҷроияи ширкат кор ва бахши иктишофию истихроҷро назорат карда, дар соли 2020 раёсати шӯрои мудиронро бар ӯҳда гирифт. Маганов муаллифи номи ширкат ҳам ҳаст.

XS
SM
MD
LG