Ссылки доступа

Шаҳри $5 млрдии Аркадагро дар Туркманистон бидуни Бердимуҳаммадови калонӣ боз карданд


Дар Туркманистон аз рӯи шаҳри Аркадак пардабардорӣ шуд. Ин шаҳр бо бештар аз 5 млрд доллари буҷаи кишвар сохта шудааст.

Чорабиниҳои идона, ки буҷавиҳои Туркманистонро барои иштирок дар онҳо иҷборӣ ҷалб карда буданд, рӯзи 29 июн - дар рӯзи таваллуди Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов - президенти пешини он кишвар баргузор шуданд. Аммо президенти пешин дар ин чорабиниҳо ҳузур надошт.

Чорабиниҳоро президенти кунунии Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов - писари Қурбонқулӣ роҳбарӣ кард. Ин шаҳр, ки ба ифтихори унвони президенти пешин "Аркадак" номгузорӣ шудааст, дар ҳудуди деҳае бунёд шудааст, ки Қурбонқулӣ онҷо ба дунё омадааст.

Дар расонаҳои расмии Туркманистон гуфтанд, дар расми пардабардории шаҳр меҳмонони зиёди хориҷӣ ширкат доштанд. Аммо меҳмононро тавассути расонаҳо нишон надоданд.

XS
SM
MD
LG