Ба гуфтаи Володин, онҳое, ки Русияро тарк кардаанд, на танҳо ба таври фосилавӣ дар ширкатҳои Русия кор мекунанд, балки аз ҳамаи имтиёзҳо бархурдоранд.
"Имтиёзҳоро барои русиягиҳои ба хориҷрафта бояд бекор ва андози бештар ҷорӣ кард. Ин аст адолат", - гуфт Володин.
Пештар аз ин расонаҳои Русия хабар доданд, Ҳизби ҳокими "Русия воҳид" тарҳи қонунеро таҳия мекунад, ки бар асоси он мутахассисони русиягӣ ҳаққи фаъолияти фосилавиро дар бархе аз риштаҳо нахоҳанд дошт. Нашрияи "Вёрстка" навишт, ин маҳдудият ба мутахассисони бахши амнияти иттилоотӣ ва чанд бахши дигари давлатӣ рабт хоҳад дошт.
Баъди шуруъи ҳамлаи Русия ба Украина, дертар баъди эъломи сафарбарсозии низомӣ ҳазорон шаҳрванди қобили меҳнати Русия, аз ҷумла тоҷирон, мутахассисони фановариҳои навин, кормандони илмӣ, пизишкон Русияро тарк карданд. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ним сол ҳудуди 96 ҳазор шаҳрванд ин кишварро тарк кардаанд.