Ссылки доступа

Думаи давлатии Русия қонуни ҳабси якумриро барои хиёнат ба давлат қабул кард


Думаи давлатии Русия тарҳи қонунро дар бораи ҳабси якумрӣ барои хиёнат ба давлат қабул кард.

Айни замон қонунгузории Русия барои хиёнат ба давлат аз 12 то 20 сол зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми 500 ҳазор рубл таъйин кардааст. Теъдоди ҳукмҳои додгоҳӣ бо ин модда баъди ҳамлаи Русия ба Украина афзоиш ёфтааст.

Тарҳи нави қонун ҳамчунин ҷазоро барои харобкорӣ ва терроризм сахттар ва барои мусоидат кардан дар иҷрои қарорҳои созмонҳое, ки дар Русия сабти ном нашудаанд ҷазо таъйин мекунад. Шореҳон гуфтанд, манзур Додгоҳи байналхалқии Гаага аст, ки дастури боздошти президенти Русия Владимир Путинро содир кардааст.

Вакилони думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, ки ҷазои ниҳоӣ барои содир кардани теракт 20 сол таъйин карда шавад. Айни замон ин модда 15 сол ҷазои ниҳоӣ дорад.

Ҷазо барои харобкориҳо низ дар тарҳи нав сахттар шудааст. Акнун барои амале, ки ба тахриби иншооти зерсохтори нақлиёт ва барои мардум ҳаётан муҳим равона шудааст, то 20 соли зиндон пешбинӣ гардидааст. Баъди ҳамлаи Русия ба Украина теъдоди айбдоршавандаҳо дар тахрибкорӣ афзоиш ёфтааст. Пештар чунин харобкориҳо ҳамчун авбошӣ ва ё маҳвсозии молу мулки ғайр баҳо дода мешуд ва ҷазоҳои сабук таъйин мегардид.

Дар соли 2022 дар додгоҳҳои Русия 11 ҳукми хиёнат ба давлат содир кардаанд. Бархе аз он ҳукмномаҳо ба ҳамкорӣ бо мақомоти махсуси Украина рабт доранд. Ин дар ҳолест, ки дар Русия аз соли 1997 то 2021 дар маҷмуъ 117 кас дар хиёнат ба давлат айбдор шудааст.

XS
SM
MD
LG