Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ИМА, Блинкен дар ҷараёни ин сафар кумакҳои низомии Амрико ба Украинаро баррасӣ мекунад.
Блинкен дар шабакаҳои иҷтимоии «X» навиштааст, «имрӯз ба Киев баргаштам, то дастгирии қавии Амрико аз Украинаро, ки алайҳи таҷовузкориҳои Русия мубориза мебарад, ба намоиш гузорам».
Энтони Блинкен тавассути қатора аз Лаҳистон ба Киев рафтааст ва интизор меравад, ба зудӣ бо президенти Украина Владимир Зеленский мулоқот кунад.