Ссылки доступа

Додситонӣ 154 ҳолати хушунати ҷинсии сарбозони рус нисбат ба украиниҳоро ошкор кардааст


Додситонии кулли Украина мегӯяд, аз оғози ҳамлаи Русия 154 ҳолати хушунати ҷинсии низомиёни рус нисбат ба шаҳрвандони кишвари худро ошкор кардааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии додситонӣ, ҳамаи ин ҳолатҳо дар минтақаҳои Украина, ки аз сӯи низомиёни Русия ишғол шуда буданд, рух додаанд.

Аз ҷумла, муфаттишон муайян карданд, ки низомиёни рус дар шаҳри Херсон як сокини маҳаллиро чаҳор моҳ таҷовуз кардаанд. Ҳамчунин онҳо як сокини дигари Херсонро аз моҳи март то ба ҳол чандин бор бараҳна ва шиканҷа карда, ба сару рӯяш ҳатто оби ҷӯш низ рехтаанд.

Додситонҳо ҳамчунин хушунатҳои ҷинсии сарбозони рус нисбат ба ҳамсарони шаҳрвандони Украинаро, ки дар минтақаҳои даргири Донбасс меҷангиданд, ё дар сафи артиш хидмат мекарданд, муайян намудаанд.

XS
SM
MD
LG