Дар ин бора раиси ҳизби Ираклий Кобахидзе хабар дод.
"Барои анҷоми раванди раъйи беэътимодӣ ҳимояти 100 вакили порлумон зарур аст ва ба ин далел бидуни ҳимояти мухолифон эъломи беэътимодӣ натиҷаовар нахоҳад буд", - гуфт раиси ҳизб.
Ба гуфтаи Кобахидзе, Зурабишвилӣ Конститутсияро риоя накардааст, зеро президент танҳо дар он сурат ҳақ дорад, салоҳиятҳои ҳукуматро дар самти сиёсати хориҷӣ иҷро кунад, ки агар онро бо ҳукума мувофиқа карда бошад. Дар ҳукумати Гурҷистон пештар гуфта буданд, ки сафари президентро ба Олмон, Украина, Швейтсария, Лаҳистон, Белгия, Дания, Булғористон, Ҷумҳурии Чех ва Исроил тасдиқ накардаанд.
Зурабишвилӣ рӯзи 31 август дар Берлин бо ҳамтаи олмониаш Франк-Валтер Штайнмайер мулоқот кард. Имрӯз Зурабишвилӣ нияти мулоқот бо роҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишелро дорад. Дар ҳукумати президенти Гурҷистон гуфтанд, Зурабишвилӣ ба он хотир бо роҳбари аврупоӣ мулоқот анҷом медиҳад, ки "барои ба Гурҷистон додани мақоми номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупо ҳимоят ҷалб кунад".
Баракси ин изҳороти дастгоҳи президент, роҳбари ҳизби "Орзуи гурҷӣ" Кобахидзе мегӯяд, ин сафар "зиёновар" аст ва метавонад, монеи дарёфти мақоми номзад ба узвияти Иттиҳоди Аврупо барои Гурҷитон шавад.