Ба иттилои вазорат, дар натиҷаи задухӯрди эътирозгарон бо пулис як корманди ин ниҳод осеб дида, ба бемористон интиқол ёфтааст.
Раҳбари Ҳизби "Girchi-Meti Tavisupleba"-и Гурҷистон Зураб Ҷапаридзе гуфт, онҳое, ки шаби гузашта дар назди бинои порлумони он кишвар дар шаҳри Тифлис боздошт гаштанд, латтукӯб шудаанд.
Ба гуфтаи ӯ, эътирозгаронро гуруҳӣ латтукӯб кардаанд. Тазоҳургарон мегӯянд, кормандони пулис, бидуни огаҳӣ, аз ҷумла зидди рӯзноманигорон ҳам аз нерӯи истифода кардааст.
Ҳазорҳо нафар шоми 15-уми апрел дар назди порлумони Гурҷистон эътироз карданд. Онҳо ба лоиҳаи ислоҳшудаи қонун "Дар бораи агенти хориҷӣ" мухолифанд. Дар пайи бархӯрди эътирозгарону полис камаш 14 кас боздошт шуда буд. Бино ба хабарҳо, то имрӯз дасти кам 25 эътирозгарро дастгир кардаанд.
Дар лоиҳаи нав аз созмонҳои ғайридавлатӣ, ки аз хориҷа кумак мегиранд, тақозо шудааст, дар бораи тамоми фаъолиятҳояшон ба мақомот гузориш диҳанд.
Мухолифони лоиҳа дар Гурҷистон таъкид мекунанд, ки тасвиби қонун даҳони дигарандешонро баста, матбуоти озодро нобуд мекунад. Ба қавли онҳо, ин санад ба қонуни "агенти хориҷӣ" дар Русия монанд аст, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро дар он кишвар ба таври ҷиддӣ маҳдуд кардааст.